ДУШАНБЕ, 31 окт — Sputnik. Барои муқовимат ба фишор ва ҳамлаҳои Ғарб ҳамкории муштараки Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) ва Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) зарур аст.
Дар ин бора Сергей Лебедев, дабири кулли Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Минск пеш аз оғози ҷаласаи навбатии Шӯрои намояндагони доимии кишварҳои узви ИДМ ба хабарнигорон изщор дошт.
"Ман ин ҳамкориро мутараққӣ меномам. Мо ҳамкориҳоро амиқтар карда истодаем, кӯшиш мекунем, ки нуқтаҳои нави тамос пайдо кунем ва мунтазам вохӯрем", - гуфт ӯ.
Лебедев машқҳои муштараки низомии созмонҳои байнулмилалиро мисол овард, ки танҳо роҳи таҳкими ҳамкориҳои кишварҳои СҲШ, СПАД ва ИДМ-ро исбот мекунанд.
Дабири кулли ИДМ аз кишварҳои иттиҳодия даъват кард, ки “якҷо бошанд ва фаъолиятҳоро ҳамоҳанг созанд”.
Илова бар ин, Лебедев хоҳиши Беларус барои ҳарчи зудтар шомил шудан ба СҲШ-ро мусбат хонд ва қайд кард, ки ин созмонро тақвият хоҳад дод.
Қаблан Чин омодагии худро барои тавсеъаи ҳамкорӣ ва таҳкими равобит бо кишварҳои СПАД эълом карда, кишварҳои узви ин иттиҳодияро “дӯстони хуб ва шарикони боэътимоди Чин” номид.