ДУШАНБЕ, 30 окт – Sputnik. Дар Тоҷикистон беш аз 100 ҳазор маъюб сабти ном шудаанд.
Дар ин бора Қудратулло Қурбонов, сардори Раёсати ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар зимни як ҳамоиш дар мавзӯи маълулият дар Душанбе иттилоъ доданд.
Манбаъ гуфт, аз шумораи умумӣ қариби 17,5 ҳазор нафар маъюби гуруҳи I ва наздики 79 ҳазор нафарро маъюбони гурӯҳи II ташкил медиҳанд.
Ҳудуди 33 ҳазор нафари боқимонда маъюбони гурӯҳи III мебошанд, ки ҳамаашон ҳуқуқи гирифтани кумакпулиро доранд.
Таъкид шудаст, ки давлат барои афроди дорои имконияташон маҳдуд дар асноди марбути андоз, замин, меҳнат, манзил, тандурустӣ ва ғайра сабукиҳо додаст.
Аммо ба гуфтаи коршиносон на ҳама маъюбон дар бораи сабукиҳои пешниҳодкардаи давлат огаҳанд.
Ба гуфтаи ӯ, айни замон дар сохторҳои давлатӣ 220 муассиса ва шӯъбаҳои гуногун фаъолият мекунанд, ки бо маъюбон сари кор доранд.
Мавсуф таъкид кард, ки сиёсати иҷтимоии давлат ба таъмини ҳуқуқи маъюбон ва назорати риояи ин ҳуқуқҳо нигаронида шудааст, аммо ҳаст мушкилоте, ки бояд ҳалли худро ёбанд.
Яке аз ин мушкилот ба андешаи вай, гирифтани гурӯҳи маъюбӣ аз ташхиси тиббию иҷтимоӣ гузаштан аст, ки бастаи зиёди ҳуҷҷатҳоро талаб мекунад.
Қурбонов дар идома гуфт, ки ҷамъоварии ин ҳуҷҷатҳо барои шаҳрвандоне, ки дар манотиқи дурдасти деҳоти Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, хеле душвор буда, тартиби гирифтани маъюбии расмӣ риояи расмиятҳои зиёдеро тақозо мекунад, ки барои маъюб дар баъзе ҳолатҳо ғайри имкон мебошад.