ДУШАНБЕ, 30 окт — Sputnik. Тайи се ҳафтаи даргириҳо дар навори Ғазза нисбат ба даргириҳои мусаллаҳона дар саросари ҷаҳон аз соли 2019 бештар кӯдакон кушта шудаанд.
Дар ин бора РИА "Новости" бо истинод ба созмони байналмилалии хайрияи Save the Children хабар медиҳад.
Ба гуфтаи ин созмон, тайи 17 рӯзи ахир дар навори Ғазза дастикам ду ҳазор ва дар соҳили Ғарб 27 кӯдак ба ҳалокат расидаанд.
Мудири созмони Фаластини Наҷоти кӯдакон Ҷейсон Ли хостори оташбаси фаврӣ шуд.
"Теъдоди кӯдаконе, ки дар тӯли ҳамагӣ се ҳафта дар навори Ғазза кушта шудаанд, аз шумори кӯдаконе, ки дар даргириҳои мусаллаҳона дар саросари ҷаҳон, дар беш аз 20 кишвари ҷаҳон дар як соли тамом аз соли 2019 ба ҳалокат расидаанд, бештар аст", — гуфта мешавад дар изҳорот дар вебсайти ин созмон.
Созмони Наҷоти кӯдакон тахмин мезанад, ки аз 7703 нафари кушташуда дар навори Ғазза беш аз 40%-ро кӯдакон ташкил медиҳанд.
Ин созмон ҳамчунин таъкид кардааст, ки теъдоди қурбониёни кӯдакон метавонад бештар бошад, зеро дар Ғазза 1000 кӯдаки дигар бедарак шудаанд ва мумкин аст дар зери харобаҳо монда бошанд.
"Наҷоти кӯдакон" гуфтааст: "Рақамҳо даҳшатоваранд, аммо хушунат дар навори Ғазза... шиддат мегирад ва кӯдакони зиёдеро зери хатари ҷиддӣ қарор медиҳанд",- мегӯяд Ҷейсон Ли, мудири созмони "Наҷоти кӯдакон" дар Фаластин.
Теъдоди қурбониёни навори Ғазза, ба гуфтаи вазорати тандурустии Фаластин, аз 8 ҳазор нафар гузашт, ки нисфи онҳо кӯдакон буда, беш аз 18 ҳазор нафари дигар маҷрӯҳ шудаанд.