Ба Тоҷикистон барои лоиҳаи "Миллати солим" 57 млн доллар дода шуд

Барнома таҳкими иқтидори миллиро барои вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодаи тандурустии ҷамъиятӣ ба нақша гирифтааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 29 окт — Sputnik. Барои иҷрои тарҳи “Миллати солим” ба Тоҷикистон 57, 25 млн доллар ихтисос дода шуд. Маблағро Бонки Ҷаҳонӣ ҷудо кард.
Дар ин бора ба хабаргузории РИА Новости Дилафрӯз Зоирова, сухангӯи дафтари Бонки Ҷаҳонӣ дар Душанбе хабар додааст.
"Лоиҳа ба беҳбуди саломатии аҳолӣ тавассути баланд бардоштани сифат ва самаранокии хизматрасонии ёрии аввалияи тиббию санитарӣ дар минтақаҳои алоҳидаи кишвар мусоидат хоҳад кард", - гуфт ӯ.
Барнома тавонмандии миллиро барои вокуниш ба ҳолатҳои изтирории тандурустии ҷамъиятӣ тақвият хоҳад дод.
Ба гуфтаи Зоирова, Тоҷикистон дар нишондодҳои калидии беҳдошт, аз қабили давомнокии умр, марги кӯдакон, қадпастӣ ва афзоиши мавориди бемориҳои ғайрисироятӣ боқӣ мемонад.
Тоҷикистон чи гуна аз як бемории марговар пирӯз шуд? – шарҳи табиби паразитшинос
Вай қайд кард, ки инфрасохтори тандурустӣ, таҷҳизот, лавозимот ва малакаи кормандони соҳаи тиб такмили назаррас лозим аст. Дар бисёр ҷойҳо, гуфт ӯ, сифати кумаки аввалия паст мешавад, зеро муассисаҳо ба стандартҳои ҳадди ақал ҷавобгӯ нестанд.
Қаблан хабар дода шуд, ки Русия ба Тоҷикистон ба маблағи ҳудуди 45,5 ҳазор доллар таҷҳизоти муосир интиқол додааст.