Ҳуқуқи кӯдакони тоҷик дар Минск баррасӣ мешавад

Кори комиссияи омбудсменҳои ҳуқуқи кӯдакони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо ташаббуси ҷониби Русия таъсис ёфт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 29 окт — Sputnik. Дар Минск ваколатдорони ҳуқуқи кӯдаки давлатҳои аъзои ИДМ ҷамъ меоянд.
Дар ин бора Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мутстақил хабар дод.
Бар хабари манбаъ, чорабинии мазкур рӯзи 1 ноябр дар шаҳри Мински Белорус сурат мегирад.
Ба ҳайати комиссия омбудсменҳои кӯдакон аз Тоҷикистон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Русия шомил мебошанд.
Дар нишаст табодули таҷриба доир шуда, иштирокдорон имкон пайдо менамоянд, ки доир ба масъалаҳои мубрами ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон назари худро баён созанд.
Бемасъулиятии волидон дар Тоҷикистон бештар шудааст
Маврид ба зикр аст, ки кори омбудсмени ҳуқуқи кӯдакони ИДМ бо ташаббуси Русия таъсис ёфта буд.
Ёдовар мешавем, ки Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон Суҳайлӣ Абдуҳафиззода дар нишасти ахири матбуотӣ аз сабти зиёди ҳолатҳои иҷро накардани ӯҳдадориҳои падару модар дар тарбияи фарзандон гуфта буд.
Ба гуфтаи ӯ, танҳо дар моҳҳои январ-июни соли 2023 нисбати 8,7 ҳазор волидайн барои иҷро накардани уҳдадориҳо дар тарбияи фарзанд санадҳои маъмурӣ тартиб дода шудаанд.