Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Артиши Русия дар самти Запороже ду Leopard ва ду Bradley нобуд кард

Яке аз фармондеҳони гурӯҳ гуфт, агар қаблан нерӯҳои Украина дар гурӯҳҳои бузург кор мекарданд, ҳоло онҳо дар гурӯҳҳои хурд ҳамагӣ як ё ду танк ҳуҷум мекунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 29 окт — Sputnik. Қувваҳои мусаллаҳи Русия ҳангоми ҳамлаи ҷангҷӯёни украинӣ дар самти Запороже ду Leopard ва ду Bradley- ро нобуд карданд.
Дар ин бора ба "Риа Новости" фармондеҳи яке аз гурӯҳҳо бо номи "Якут" хабар дод.
"Аз Работино (маҳаллае дар вилояти Запороже) ҳуҷум ба амал омад, онҳо нияти ворид шудан ба Новопрокоповкаро доштанд", - гуфт "Якут".
Ба гуфтаи ӯ, агар қаблан нерӯҳои мусаллаҳи Украина дар гурӯҳҳои бузург кор мекарданд, ҳоло онҳо дар гурӯҳҳои хурд бо истифода аз як ё ду танк, як ё ду мошини ҷангии пиёдагарди ба ҳамла мебароянд.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Шойгу: Русия дар панҷ рӯз 24 ҳавопаймои Украинаро сарнагун кард
Ӯ иқрор шуд, ки аз ҳама душвортарин зуд ҳаракат кардан аст, зеро аз як нуқта нест кардани муҳимоти Украина имконнопазир аст.
Ёдовар мешавем, ки Русия аз 24 феврали соли 2022 дар Украина амалиёти вижаи низомиро анҷом медиҳад.
Раиси Федератсияи Русия Владимир Путин вазифаи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли 8 сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқир ва наслкушӣ қарор гирифтаанд".