ДУШАНБЕ, 27 окт — Sputnik. Тоҷикистон ва Эрон қасд доранд ҳамкориҳоро фаъол созанд.
Дар ин бора дар мулоқоти сарвазири ҷумҳурӣ Қохир Расулзода ва ноиби якуми президенти Эрон Муҳаммад Мухбир сухан рафт.
Суҳбати онҳо дар Бишкек дар чаҳорчӯби ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай сурат гирифт.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои гуногун, аз ҷумла афзоиши гардиши мутақобила, фаъолсозии бахши хусусӣ, ҳамкорӣ дар соҳаҳои бонкӣ, дорусозӣ ва тибро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Расулзода ва Мухбир масъалаи боз ҳам пурзӯр намудани кори комиссияи байнихукуматиро муҳокима карданд.
Онҳо ҳамчунин имкони кушодани хатсайрҳои нави ҳавоӣ, бахусус тавсеаи парвозҳо дар ду самтро баррасӣ карданд.
Қаблан нахустин нишасти Кумитаи сиёсии Тоҷикистону Эрон дар Душанбе баргузор шуда буд.