ДУШАНБЕ, 27 окт — Sputnik. Афзоиши захираҳои карбогидрид дар Тоҷикистон дурнамои амалӣ дорад.
Дар ин бора Шарифа Худобахш, муовини вазири энержии кишвар дар конфронси байналмилалии "Нафту гази Туркманистон" изҳор дошт.
Ба гуфтаи вай, дар ҳоли ҳозир захоири газ дар Тоҷикистон 900 миллиард метри мукааб ва нефть — 150 миллион тонна арзёбӣ мешавад.
"Ин ҳисобҳо ҳанӯз дар замони Шӯравӣ сурат гирифта буданд. Аммо мо интизор дорем, ки захираҳо аз захираҳои пешбинишуда хеле зиёданд. Дар минтақаи зеринамакии ҳавзаи Тоҷикистон иқтидори муайян мавҷуд аст", - афзуд муовини вазир.
Аммо ба гуфтаи вай, саноати нафту газ дар Тоҷикистон то ҳол суст рушд кардааст.
Вале ҳама чиз тағйир ёфта метавонад, зеро ҷумҳурӣ барои омухтан ва кашф кардани захираҳо бо корхонаҳои пешқадами нефту газ ҳамкориҳои зич дорад.
Ҳамин тариқ, ба гуфтаи Шарифа Худобахш дар кишвар филиали CNPC-и чинӣ тибқи шартҳои созишномаи тақсими маҳсулот ба фаъолият шурӯъ мекунад.
Ёдовар мешавем, ки Тоҷикитон дар ин замина қаблан бо Эрон ройизаниҳое доштанд ва ҳамзамон Эмомалӣ Раҳмон дар сафари баҳории Илҳом Алиев ба Душанбе қайд кард, ки дар соҳаи энергетика кишвар ҳавасмандии ширкатҳои Озарбойҷонро дар коркарди конҳои нафту гази кишвар мебинад.