Собиқ сарвазири Шӯрои давлатии ҶМ Чин Ли Кетсян даргузашт

Дар Чин Ли Кетсян, нахуствазири собиқи Шӯрои давлатӣ дар синни 68-солагӣ даргузашт, ӯ 10 сол дар ин мақом буд ва моҳи марти соли 2023 ба нафақа баромад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 окт — Sputnik. Собиқ сарвазири Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Халкии Хитой Ли Кетсян вафот кард.
Вай дар синни 69-солагӣ даргузашт, хабар медиҳад телевизиони марказии Чин.
Гуфта мешавад, ки ахиран собиқ мансабдори чинӣ дар Шанхай дар таътил қарор дошт.
Маълум аст, ки як рӯз пеш табибон сактаи ногаҳонии дилро дар вай сабт кардаанд.
Сарфи назар аз кумакҳои тиббӣ, Ли Кетсян рӯзи 27 октябр соати 00:10 ба вақти Шанхай даргузашт.
Пас аз ду рӯзи зодрӯз, Шодӣ Шабдолов даргузашт
Ӯ аз моҳи марти соли 2013 то моҳи марти соли 2023 дар мақоми нахуствазири Шӯрои давлатӣ - мақоми олии иҷроияи давлатии Чин - 10 сол кор кардааст.
Ли Кетсян вазифаи асосии худро дар сари ҳукумат ҳал намудани масоили ҷамъъии иқтисодиву иҷтимоӣ, монанди бекорӣ, афзудани даромади аҳолии шаҳру деҳот, минбаъд ҳам шаҳрнишин кардани мамлакат номид.
Дар моҳи марти соли ҷорӣ Ли Кетсян гузориши охирини худро дар бораи кори ҳукумат дод ва пас аз он ба нафақа баромад.