Маълум шуд,ки анҷумани соҳибкорони Тоҷикистону Эрон кай доир мешавад

Моҳи ноябр дар Душанбе баргузории як чорабиние бахши корхонаҳои хурду миёна дар Тоҷикистон ва Эрон дар пойтахт дар назар аст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 окт— Sputnik. Дар Душанбе ҳамоиши соҳибкорони Тоҷикистону Эрон баргузор мешавад.
Дар ин бора зимни мулоқоти раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ Саъдӣ Қодирзода бо сафири Фавқулода ва Мухтори Эрон дар кишвар Алиризо Ҳақиқиён маълум гардид.
Дафтари матбуоти ин ниҳод мегӯяд, ин чорабинӣ аз 8 то 9 ноябр дар пойтахти Тоҷикистон баргузор мешавад.
Дар рафти вохӯрӣ раиси кумита ба меҳмонон дар бораи имкониятҳои сармоягузории кишвар маълумот дод.
Тоҷикистону Эрон ифтитоҳи хатсайрҳои нави ҳавоиро баррасӣ карданд
Ҷонибҳо ҳамчунин як қатор масъалаҳои ҳамкории дуҷониба дар соҳаи сармоягузорӣ, соҳибкории хурду миёна ва дигар самтҳои афзалиятнокро баррасӣ намуданд.
Саъдӣ Қодирзода дар поёни мулоқот ба Алиризо Ҳақикиён барору комёбиҳо таманно карда, ба рушди минбаъдаи равобити Тоҷикистону Эрон изҳори умедворӣ кард.
Маврид ба зикр аст, ки ахиран сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва муовини аввали раисиҷумҳури Эрон Муҳаммад Муҳбир ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷории кишварҳоро баррасӣ карданд.
Имкони ифтитоҳи хатсайрҳои нав миёни кишварҳо аз нуктаҳое буд, ки дар ин дидор зикр гардид.