Тоҷикистон қасд дорад, иқтидори нерӯгоҳҳоро то 40% афзоиш диҳад

То соли 2023 Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки аз ҳисоби афзоиши иқтидори нерӯгоҳҳои мухталиф тавлиди нерӯи барқро ба таври қобили мулоҳиза афзоиш диҳад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 26 окт — Sputnik. Тоҷикистон иқтидори тавлиди нерӯи барқро афзоиш медиҳад.
Дар ин бора муовини вазири энергетика ва захираҳои оби кишвар Сорбон Холмуҳаммадзода зимни суханронӣ дар конфронси байналмилалии "Самаранокии нерӯи барқ ​​дар Тоҷикистон: дурнамо ва мушкилот", ки дар Душанбе баргузор шуд, изҳор дошт.
Дар маҷмӯъ, Тоҷикистон ният доранд, ки иқтидорро 4,7 ҳазор МВт, яъне 40 % зиёд кунад.
Қарор аст, то соли 2030 аз ҳисоби бунёди нерӯгоҳҳои бодиву офтобӣ, ҳамчунин сохтмон ва таҷдиди нерӯгоҳҳои бузурги обӣ (НБО) ба чунин натиҷаҳо ноил шаванд.
ба таъкиди ӯ, дар ҷумҳурӣ ҳоло нақшаи сохтмон ва азнавсозии нерӯгоҳҳои барқӣ-обӣ пешбинӣ шудааст.
Тоҷикистон аз содироти нерӯи барқ ​​чӣ қадар даромад гирифт?
"Айни замон дар Тоҷикистон лоиҳаҳои бузурги бунёди неругоҳҳои барқи обӣ амалӣ шуда истодаанд ва дар давоми 7 соли оянда аз ҳисоби бунёди неругоҳи барқи обии "Роғун" ва бозсозии дигар нерӯгоҳҳо <...> иқтидори энергетикӣ ба 4 ҳазор МВт хоҳад расид", - афзуд Холмуҳаммадзода.
Вай зикр кард, ки ин ҳаҷми барқ ​​барои содирот ба кишварҳои ҳамсоя ва давлатҳои минтақа равона шудааст.
Мувофиқи маълумотҳои расмӣ ҳоло нерӯгоҳҳои оби-барқӣ 92 % тамоми қувваи барқро дар кишвар истеҳсол мекунад.
Иқтидори умумии ҳамаи нерӯгоҳҳои барқи обии бузургу хурд ва неругоҳҳои барқу гармидиҳӣ (ТЭЦ) дар кишвар дар ҳоли ҳозир тақрибан 6,1 ҳазор МВт арзёбӣ мешавад.