“Равшан” барои пешсаф шудан дар гурӯҳаш талош дорад

Дастаи "Равшан"- Тоҷикистон имкон дорад дар сурати бурд кардан, роҳашро ба даври навбатии Ҷоми КФО-2023/24 ҳамвортар созад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 26 окт — Sputnik. Дастаи “Равшан” имкон дорад, пешсафи гуруҳи “Е” дар марҳилаи гуруҳии Ҷоми КФО-2023/24 гардад.
Ин даста таҳти сарварии сармураббӣ Тоҳирҷон Муминов шоми 26 октябр дар варзишгоҳи марказии Ҳисор бо пешсафи кунунии гурӯҳ дастаи "Абдиш-Ата"-и Қирғизистон бозӣ мекунад.
Дар ҷаласае, ки рӯзи 25 октябр дар меҳмонхонаи "Атлас"-и Душанбе баргузор гардид, масъалаҳои ташкилии вохӯрӣ муҳокима шуд. Ҳамчунин ранги либоси дастаҳо низ тасдиқ гардид.
"Равшан" бо либоси сурх, "Абдиш-Ата" бо либоси сабз ба майдон мебароянд.
Айни замон дар гурӯҳи “Е” дастаи “Абдиш-Ата” бо 4 имтиёз мақоми аввалро касб кардааст. “Равшан” ва “Марв”- Туркманистон 2 имтиёзӣ доранд ва мутаносибан зинаҳои дуюм ва сеюмро ишғол кардаанд. “Олтин Асир”- Туркманистон бо як имтиёз дар зинаи охир маскан гирифтааст.
Созиши Рустами Эмомалӣ бо Ҳамад бин Халиф дар мавриди рушди футбол
Ёдовар мешавем, ки дастаи "Равшан" дар марҳилаи якуми гурӯҳии Ҷоми КФО -2023/24 бозиаш бо "Марв"-и Туркманистон дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор бо ҳисоби 0:0 ва бозии дуюмро дар меҳмонӣ бо "Олтин Асир"-и Туркманистон бо ҳисоби 1:1 ба поён расонда буд.