ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Сенаторҳои Русия қонун дар бораи лағви тасвиби Паймони манъи озмоишҳои ҳастаиро қабул карданд.
Раиси Шӯрои Федератсия Валентина Матвиенко гуфт, ки Русия ҷонибдори таъсиси як низоми воқеии амнияти байналмиллалии амалкунанда – "барои ҳама дар асоси принсипҳои одилона ва ҷудонашаванда" мебошад.
"Замоне бо тасвиби шартнома иродаи нек зоҳир кардем дар самти таҳкими амнияти ҷаҳонӣ ба иқдоми ҷавобӣ, пеш аз ҳама аз сӯи ИМА интизор будем. Аммо Вашингтон бо гузашти 23 сол созишномаро тасвиб накарду нигарониҳои ҳамагониро нодида гирифт", - гуфт Матвиенко.
Қаблан Думаи давлатии Русия қонун дар бораи бозпас гирифтани тасвиби Паймони манъи ҳамаҷонибаи озмоишҳои ҳастаиро қабул карда буд.
Паймони манъи озмоишҳои ҳастаӣ соли 1996 ба имзо расида буд. Аммо як қатор кишварҳо, аз ҷумла ИМА, ба фарқ аз Русия, ки дар соли 2000 ин корро карда буд, то ҳол онро тасвиб накардаанд.
Дар баробари ин давлатҳое, ки яроқи ҳастаӣ доранд, барои нагузарондани ин гуна озмоишҳо ихтиёран уҳдадор шудаанд.
Моҳи март муовини вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Рябков қайд карда буд, ки вазъ дар атрофи паймони манъи озмоишҳои ҳастаӣ ба далели амалҳои ИМА боиси нигаронии бештар мегардад.