ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Дар зарфи панҷ рӯзи ахир 24 ҳавопаймои Украина аз сӯи нерӯҳи мусаллаҳи Русия сарнагун шуд.
Дар ин бора Сергей Шойгу, вазири мудофиаи Русия зимни суҳбат бо низомиёни гурӯҳи "Восток" изҳор дошт.
"Мо комплексҳое дорем, ки дар тӯли панҷ рӯз 24 ҳавопайморо сарнагун карданд", - гуфт Шойгу.
Ҳамчунин, вазири мудофиа илова намуд, ки дар се-чор ҳафтаи охир бисёре аз низомиёни украинӣ асир гирифта ва ихтиёран таслим шудаанд.
Ӯ зикр намуд, ки асирону таслимшудаҳо асосан аз вазъи бади равонӣ дар қувваҳои мусаллаҳи Украина ҳарф мезанад.
Шойгу бар ин бовар аст, ки вазъи феълӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки нерӯҳои Украина имконоти камтар доранд.
"Вазъи имрӯза гувоҳӣ медиҳад, ки нерӯҳои украинӣ имконоти камтар доранд.
Ёдоварӣ мекунем, ки нерӯҳои украинӣ моҳи панҷум аст, ки дар самтҳои Южнодонетск, Артемовск ва Запороже амалиёти ҷавобӣ анҷом дода, ба бригадаҳои ҷангие, ки НАТО тамрин кардаанд ва бо таҷҳизоти хориҷӣ мусаллаҳ шудаанд, партоб мекунанд.
Рӯзи панҷшанбе Владимир Путин гуфт, ки аз 4 июн нерӯҳои мусаллаҳи Украина беш аз 90 ҳазор нафар, 557 танк ва қариб 1900 мошини зиреҳпӯшро талаф додаанд.