Белорус кай ба СҲШ мепайвандад

Ҷумҳурии Беларус аллакай дар фаъолияти як қатор механизмҳои Созмони Ҳамкории Шанхай иштирок мекунад ва дар роҳи узвияти комил қарор дорад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Беларус бояд тобистони соли 2024 ба Созмони Ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) шомил шавад.
Дар ин бора дабири кулл Ҷон Мин ба шабакаи телевизионии "Беларус 1" хабар дод.
Вай қайд кард, ки вуруди расмӣ дар нишасти дарпешистода дар Остона дар назар аст.
Дабири кулли СҲШ таъкид кард, ба ин тартиб, Беларус 10-умин узви ин созмон мешавад.
"Минск аллакай дар фаъолияти як қатор механизмҳои созмон ширкат дорад, дар роҳи узвияти комил қарор дорад ва ин раванд хуб идома дорад", - изҳор дошт ӯ.
Ҷаласаи навбатии сарони СҲШ моҳи июли соли 2024 дар Остона баргузор мешавад.
Умедвории Афғонистон барои узвияти комил дар Созмони Ҳамкориҳои Шанхай
Ёдовар мешавем, ки Созмони ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) як созмони байналмилалӣ аст, ки 15 июни соли 2001 аз ҷониби раҳбарони Тоҷикистон, Русия, Чин, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон таъсис ёфтааст.
Баъдан Ҳиндустон ва Покистон ба ин созмон шомил шуданд ва 17 сентябри соли 2021 Эрон низ узви комилҳуқуқи ин созмон гардид.