ДУШАНБЕ, 14 окт — Sputnik. Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) тасмим гирифтааст, барномаи таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистонро тасвиб кунад.
Муовини дабири кулли созмон Валерий Семериков гуфт, раҳбарони СПАД шояд дар ояндаи наздик онро қабул кунанд.
Вай таъкид кард, ки нақша дар сатҳи баланди омодагӣ қарор дорад.
"Чанд сол боз мо як барномаи мақсадноки хеле муҳим ва мураккаби таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистонро таҳия карда истодаем. Фикр мекунам, ки ин барнома самара ва нафъи калон хоҳад дошт", - гуфт ӯ.
Тавре Sputnik Белорус хабар медиҳад, дар Минск ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии раҳбарони ниҳодҳои салоҳиятдор оид ба мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири кишварҳои узви СПАД ҷараён дорад.
Дар ҷараёни ин чорабинӣ Семериков ёдовар шуд, ки бештари маводи мухаддир ба қаламрави кишварҳои узви СПАД бо роҳи ба истилоҳ шимолӣ – аз Афғонистон ворид мешавад.
Ба гуфтаи Семериков, кишварҳои СПАД ба мубориза бо қочоқи маводи мухаддир дар масири Афғонистон таваҷҷуҳи хоса зоҳир мекунанд.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки Русия дар марзи Тоҷикистону Афғонистон посгоҳи нави марзӣ бунёд кардааст.
Сафири Русия дар Тоҷикистон Семён Григорьев гузаргоҳи нави марзиро як унсури муҳими ҳифз ва ҳимояи қитъаи муҳими стратегии марзи Тоҷикистону Афғонистон хонд.