ДУШАНБЕ, 24 окт — Sputnik. Ҳаҷми содирот ба далели коҳиши интиқоли металлҳои ранга ва гаронбаҳо ба бозорҳои хориҷӣ ба таври қобили мулоҳиза кам шудааст.
Ба гузориши Бонки Авруосиёии Рушд - БАОР, касри савдои хориҷӣ дар моҳҳои январ-августи соли 2023 нисбати ҳамин давраи соли гузашта ҳудуди 60% афзоиш ёфта ба 2,8 млрд доллар баробар гардидааст.
Иқтисоддонҳо мегӯянд, ки ҳаҷми содирот ба далели коҳиши интиқоли тилло ва металҳои ғайриқиматбаҳо ба монанди алюминий ба бозорҳои хориҷӣ ба таври қобили мулоҳиза кам шудааст.
Дар баробари ин, воридот аз ҳисоби афзоиши талаботи дохилӣ дар иқтисодиёт зиёд гардидааст.
Танҳо дар охири тобистон ҳаҷми моҳонаи воридот майл ба поинравӣ кардааст. Аз ҷумла ба гузориши Бонки АвруОсиёии рушд суръати афзоиши моҳонаи воридот суст шуда, дар моҳи август он манфӣ шудааст.
Раванди манфӣ шудани ҳаҷми воридот бори аввал аз моҳи феврали соли 2023 ба ин сӯ ба қайд гирифта шудааст.
Бино ба маълумоти Агентии омор, касри савдои берунии Тоҷикистон дар моҳи сентябр 400 млни дигар афзуда, ба 3,2 млрд доллар расидаст.