Барномаи медиафоруми кишварҳои ИДМ маълум шуд

Форум аз ҷониби Гурӯҳи расонаҳои "Россия сегодня" бо дастгирии Вазорати рушди рақамӣ, алоқа ва иртибототи оммавии Русия ташкил карда мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 окт — Sputnik. Барномаи кории Форуми дуюми васоити ахбори оммаи кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил рӯзи 1 ноябр дар Маркази матбуоти мултимедиии байналмилалии "Россия сегодня" баргузор мегардад.
Яке аз мавзуъҳои баррасишаванда "Ояндаи журналистикаи байналмилалӣ" ном гирифтааст.
Дар назар аст, ки дар ҷаласаҳои панелӣ ба истифодаи зеҳни сунъӣ дар соҳаи ВАО низ баррасӣ гардад.
Президентҳои ИДМ Созмони забони русиро таъсис доданд
Стратегияҳои муассири нигоҳдории сафҳаҳои Telegram, рушди ВАО-и русзабон дар кишварҳои ИДМ, омодасозии донишҷӯён дар муассисаҳои таълимии соҳавӣ дар замони рақамӣ аз мавзуъҳои дигари меҳварии ҳамоиш мебошад.
Чорабинӣ аз ҷониби Гурӯҳи расонаҳои байналмилалии "Россия сегодня" бо дастгирии Вазорати рушди рақамӣ, алоқа ва иртиботот ташкил карда мешавад.
Дар баҳсҳо намояндагони элитаи сиёсӣ, расонаҳо ва ҷомеаи коршиносон ширкат хоҳанд кард.
Соли 2022 дар нахустин Форуми ВАО-и кишварҳои ИДМ ҳудуди 300 рӯзноманигор, сиёсатмадорон ва коршиносон аз Русия, кишварҳои хориҷи наздик ва дур ширкат доштанд.