ДУШАНБЕ, 23 окт — Sputnik. Намояндагони Додситонии кулли Қатар бо роҳбарии Исо бин Саад ал- Нуаймӣ бо як сафари корӣ аз Тоҷикистон дидан карданд.
Бино ба иттилои дафтари матбуот, Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон, рӯзи 23 октябр ҳамтои худ аз Қатарро ба ҳузур пазируфт.
Гуфта мешавад, ҳамтои Юсуф Раҳмон нахуст паёми амири Қатар Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ унвонии кишвардори Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмонро расонд.
Зимнан, ҷонибҳо ҷонибдори худро ба густариши ҳамкориҳои ҳуқуқии ду кишвар изҳор намуданд.
Зимни мулоқот намояндагони сохторҳои қудратӣ масъалаҳои ҳамкориҳои минбаъда дар самти мубориза бо ифротгароӣ ва терроризми байналмилалӣ, қочоқи инсон, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар зуҳуроти ҷиноятҳои муташаккили фаромиллиро баррасӣ намуданд.
Дар идома, Тоҷикистону Қатар 3 созишномаи байналмилалӣ - дар бораи истирдоди ҷинояткорон, расонидани ёрии ҳуқуқӣ дар парвандаҳои ҷиноӣ ва баргардонидани маҳкумшудагон барои адои минбаъдаи ҷазо ба имзо расониданд.