Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Киев дар самти ҷанубии Донетск беш аз 200 низомиро аз даст дод

Вазорати мудофиаи Русия хабар дод, ки дар баробари маҳви ҷангҷӯён ҳамзамон маркази идораи ҳавопаймоҳои бесарнишин ва як танк низ тахриб шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 23 окт – Sputnik. Нерӯҳои Русия дар самти ҷанубии Донетс, маконе, ки ҷангҷӯёни украинӣ он ҷо ҷамъ омадаанд, зарбаи шадид зад, хабар медиҳад Вазорати мудофиаи русия.
Бар хабари манбаъ, бар асари ин ҳамалот беш аз 200 низомӣ кушта шуд.

"Талафоти қувваҳои мусаллаҳи украинӣ беш аз 200 ҷангҷӯ, як маркази идораи ҳавопаймоҳои бесарнишин ва як танкро ташкил дод", - омадааст дар хабарнома.

Манбаъ тавзеҳ дод, ки авиатсияи оперативӣ-тактикӣ ва артиш, қувваҳои ракетӣ ва артиллерия ба мавқеъҳои воҳидҳои 72-уми механиконидашуда, 79-уми ҳамлаи ҳавоӣ, 58-уми мотоатрикӣ, бригадаи 128-уми мудофиаи ҳудудии қувваҳои мусаллаҳи Украина дар маҳаллаҳои аҳолинишини Константиновка, Золотая Нива, Угледар, Водяна ва Старомаёрская дар ҶМД зарба заданд.
Ҳамзамон, дар ҳамин самт воҳидҳои гурӯҳи нерӯҳои "Восток" аз кӯшиши гардиши воҳидҳои украинӣ дар минтақаи Новомайорский ҷилавгирӣ карданд.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Нерӯҳои дифои ҳавоии Русия дар як рӯз чор ҳавопаймои украиниро сарнагун карданд
Илова бар ин, як ҳавопаймои бесарнишин мошини дорои ҳайати шахсиро нобуд кард ва дар ҷараёни задухӯрдҳои зидди батарея қувваҳои мусаллаҳи Украина системаи мушакии чандкаратаи "БМ-21 Град" ва ҳафт экипажи миномёт талаф ёфт.
Ёдовари мекунем, ки нерӯҳои украинӣ моҳи панҷум аст, ки дар самтҳои Южнодонетск, Артемовск ва Запороже амалиёти ҷавобӣ анҷом дода, ба бригадаҳои ҷангие, ки НАТО тамрин кардаанд ва бо таҷҳизоти хориҷӣ мусаллаҳ шудаанд, партоб мекунанд.
Рӯзи панҷшанбе Владимир Путин гуфт, ки аз 4 июн нерӯҳои мусаллаҳи Украина беш аз 90 ҳазор нафар, 557 танк ва қариб 1900 мошини зиреҳпӯшро талаф додаанд.