ДУШАНБЕ, 23 окт — Sputnik. Агар "Ҳизбуллоҳ" кӯшиш кунад, ки дар шимол ҷабҳаи дуввум боз кунад, Исроил ба Эрон ҳамла хоҳад кард.
Дар ин бора вазири иқтисод ва саноати Исроил Нир Баркат изҳор дошт, хабар медиҳад РИА "Новости".
"Нақшаи Эрон ҳамла ба Исроил дар ҳама ҷабҳаҳост. Агар бифаҳмем, ки онҳо қасд доранд ба Исроил ҳамла кунанд, мо на танҳо дар ин ҷабҳаҳо интиқом мегирем, балки ба сари море, ки Эрон аст, низ хоҳем расид",- гуфт вай.
Ба гуфтаи сиёсатмадор, Тел-Авив барои душманонаш "паёми хеле равшан дорад".
"Мо ба онҳо мегӯем: бубинед, ки дар Ғазза чӣ мешавад - агар шумо ба мо ҳамла кунед, бо шумо низ ҳамин тавр мекунанд. Мо шуморо аз рӯи замин маҳв мекунем", - гуфт Баркат.
Вай таъкид кард, ки Исроил танҳо бо маҳви "Ҳизбуллоҳ" маҳдуд нахоҳад шуд ва омодагии худро барои ҳамла ба Эрон таъйид кард.
Ризо Забиб, сафири Ҷумҳурии Исломӣ дар Испания, дар мусоҳиба бо рӯзномаи "20minutos" ҳушдор дод, ки агар Тел-Авив алайҳи Эрон як навъ "девонагӣ" кунад, посухи Теҳрон "ӯро аз ин кор пушаймон хоҳад кард".
Дар ҳамин ҳол коршиносони умури низомӣ бар ин назаранд, ки ҳукумати Нетаняҳу тавони ҷанг дар чанд ҷабҳаро надорад.