ДУШАНБЕ, 22 окт — Sputnik. Артиши Исроил ба фурудгоҳҳои Димишқ ва Ҳалаби Сурия ҳамла кард, хабар медиҳад "РИА Новости" бо истинод ба телевизиони давлатии Сурия.
"Имрӯз соати 5:25 артиши исроилӣ таҷовузи низомӣ анҷом дода, ҳамзамон аз Баҳри Миёназамин дар ғарби Латакия ва аз теппаҳои Ҷӯлони ишғолшудаи Сурия мушак партоб карда, ба фурудгоҳҳои байналмилалии Димишқ ва Ҳалаб зарба заданд", - омадааст дар хабар.
Манбаъ меафзояд, бар асари ин ҳодиса як корманди фурудгоҳи Димишқ кушта шуда, як тани дигар ҷароҳат бардошт.
Телевизиони давлатии Сурия қайд мекунад, ки вайрон шудани хатти парвози ду фурудгоҳ боиси аз кор мондани он шуд.
Аз оғози авҷ гирифтани низоъ миёни Исроилу Фаластин артиши Исроил аллакай борҳо ба фурудгоҳҳои Сурия ҳамла кардааст.
Тел-Авив гуфт, ки аз эҳтимоли ҳамлаҳои гурӯҳҳои фаластинӣ аз қаламравҳои Сурия ё Лубнон метарсад.
Вазорати умури хориҷии Русия ин амалҳои исроилиёнро нақзи дағалонаи соҳибихтиёрии Сурия ва меъёрҳои асосии ҳуқуқи байналмилалӣ номид.
Муноқишаи байни Исроил ва Фаластин бар ихтилофи манфиатҳои ҳудудии тарафҳо асос ёфтааст.
Дар тӯли чанд даҳсола он манбаи ташаннуҷ ва ҷанг дар минтақа буд. Мувофиқи қарори Ташкилоти Давлатҳои Муттаҳида бо дастгирии фаъолонаи Иттиҳоди Шӯравӣ дар соли 1947 таъсиси ду давлат — Исроил ва Фаластин муайян карда шуда буд, вале танҳо давлати Исроил барпо карда шуд.
Исроил дар баробари эълон кардани созиш бо принсипи ду давлат хоки Фаластинро пурра озод накард.