ДУШАНБЕ, 22 окт — Sputnik. Системаҳои дифои ҳавоии Русия тайи 24 соати охир чор ҳавопаймои низомии украиниро аз кор бароварданд.
Дар ин бора Вазорати мудофиаи Русия хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, системаҳои дифои ҳавоии Русия ҳамчунин се ҷангандаи украинии МиГ-29, як ҳавопаймои ҳамлаи Су-25, 30 ҳавопаймои бесарнишин ва 12 снаряди HIMARS ва Uragan MLRS-ро нобуд карданд.
"Дар як рӯз системаҳои дифоъи ҳавоӣ се ҳавопаймои МиГ-29-и нерӯҳои ҳавоии Украинаро дар маҳалҳои аҳолинишини Благодатное ва Лозовоеи вилояти Днепропетровск ва Чугуеви вилояти Харков, инчунин як ҳавопаймои Су-25 дар ғарби шаҳри Донетск ҳашт мушак аз системаи мушакии чандкаратаи HIMARS ва чаҳор мушаки Ураган MLRS аз кор бароварданд", - омадааст дар гузориши Вазорат.
Илова бар ин, давоми як рӯзи ахир нерӯҳои дифои ҳавоии Русия 30 ҳавопаймои бесарнишини украиниро дар болои қаламрави вилоятҳои ҶМД, ҶМЛ, Запороже ва Херсон нобуд карданд.
Ёдовари мекунем, ки нерӯҳои украинӣ моҳи панҷум аст, ки дар самтҳои Южнодонетск, Артемовск ва Запороже амалиёти ҷавобӣ анҷом дода, ба бригадаҳои ҷангие, ки НАТО тамрин кардаанд ва бо таҷҳизоти хориҷӣ мусаллаҳ шудаанд, партоб мекунанд.
Рӯзи панҷшанбе Владимир Путин гуфт, ки аз 4 июн нерӯҳои мусаллаҳи Украина беш аз 90 ҳазор нафар, 557 танк ва қариб 1900 мошини зиреҳпӯшро талаф додаанд.