ДУШАНБЕ, 21 окт — Sputnik. Масъулини ширкати "Қудрат-2010" азм доранд, ки ба Ӯзбекистон ҳаҷми содироти ангиштро бештар намоянд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд.
Тибқи иттиллои манбаъ, ин ширкат якҷо бо ҶДММ "Занҷираи осиёии таҳвил" дар як моҳ то 10 ҳазор тонна ангиштро содирот менамояд ва тибқи шартнома ҳаҷми умумии он беш аз 500 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.
Ангишт аз кони "Қудрат-2010" аз Куҳистони Мастчоҳ тавассути беш аз 50 нақлиёти калонҳаҷми боркашон оварда шуда, ба воситаи роҳи оҳан аз истгоҳи Спитамен ба кишвари ҳамсоя интиқол меёбад.
Масъулин ва роҳбарияти истгоҳи роҳи оҳан дар мулоқот бо раиси вилояти Суғд, ки ахиран ба ноҳияи Спитамен барои шиносои бо фаъолияти коргоҳи фурӯши ангишти ширкати "Қудрат-2010" омада буд, таъкид карданд, ки бо мақсади дастгирии соҳибкорону ширкатҳои интиқолдиҳанда аз ҷониби КВД Роҳи оҳани Тоҷикистон тахфиф пешбинӣ шудааст ва дар самти зиёд намудани ҳаҷми содироти маҳсулот аз имконоти мавҷуда самаранок истифода карда мешавад.
Ахиран раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Спитамен бо фаъолияти ин коргоҳи фурӯши ангишти ширкати "Қудрат-2010" шинос гардид.
Зимни дидор бо масъулин раиси вилояти Суғд гуфт, дар вилояти Суғд ба масъалаи истеҳсол ва содироти ангишт таваҷҷуҳи зарурӣ равона шудаас.
Вай иттилоъ дод, ки дар нуҳ моҳи соли равон 1 миллиону 107,9 тонна ангишт истеҳсол шудааст.
Ҳамчунин дар мулоқот раиси вилоят ба масъулини соҳа дастур дод, ки аз зарфиятҳои мавҷудаи соҳаи саноати ангишт самаранок истифода намоянд.
Айни ҳол талабот ба ин намуди сӯзишворӣ зиёд аст. Дар баробари аҳолӣ, фаъолияти корхонаҳои азими саноатӣ ва марказҳои гармидиҳӣ бо ангишт ба роҳ монда шуда, аз лиҳози камхарҷӣ манфиатбахш дониста мешавад. Аз ин хотир ба ангишт ҳамчун сӯзишвории алтернативӣ рӯз аз рӯз талабот бештар мегардад.