ДУШАНБЕ, 21 окт — Sputnik. Дар идомаи сафари корӣ ба вилояти Хатлон раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба хотири шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, ифтитоҳи як қатор иншооти бахшҳои маорифу саноат ва сайёҳиву кишоварзӣ ба ноҳияи Муъминобод рафт.
Субҳи имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Муъминобод ду иншооти бахши маорифро ифтитоҳ кард.
Нахуст раҳбари кишвар дар деҳаи Бӯстони ноҳияи Муъминобод бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10-ро ба истифода доданд.
Ҳамчунин дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Муъминобод, дар деҳаи Ҳанатароши ноҳия раисҷумҳури кишвар бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12- ро ифтитоҳ кард.
Ёдовар мешавем, чанд рӯз аст, раисҷумҳури кишвар дар вилояти Хатлон аст ва ба шаҳру ноҳияҳои мухталифи ин вилоят сафар карда иншоотҳои муҳимро ифтитоҳ намудааст.
Барои мисло дирӯз раҳбари Тоҷикистон дар ноҳияи Восеъ буд ва чанд иншооти муҳими энергетикӣ, обрасонӣ, таълимӣ, тандурустӣ ва ғайраро ифтитоҳ крд.