ДУШАНБЕ, 20 окт – Sputnik. Байни Муассисаи давлатии таълимии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ва Донишкадаи давлатии кинематографияи умумирусиягии ба номи С. Герасимов (ВГИК) созишномаи нави ҳамкорӣ ба имзо расид.
Дар ин бора Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, ҷонибҳо муҳлати ҳамкории мутақобилан судмандро барои панҷ соли дигар тамдид намуданд.
Қайд карда шудааст, ки созишномаи ҳамкориро ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, Муҳриддин Низомӣ ва ректори Донишкадаи давлатии кинематографияи умумирусиягии ба номи С. Герасимов Владимир Малишев ба имзо расониданд.
Ҷонибҳо иброз доштанд, ки барои омода намудани мутахассисони соҳаи фарҳангу санъат бояд аз таҷрибаи ҳамдигар истифода бурда, дар асоси созишномаи ҳамкории баимзорасида сафарҳои кории устодони ҳарду тараф ба муассисаҳои якдигар анҷом дода шаванд.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар асоси созишномаи ҳамкории баимзорасида баргузор намудани чорабиниҳои муштараки илмӣ, фарҳангӣ, маърифатӣ, эҷодӣ, омодасозӣ ва бозомӯзии кадрҳо, таҷрибаомӯзии илмӣ ва такмили ихтисоси кормандони илмӣ-педагогӣ, тайёр намудани мақолаҳои муштараки илмӣ, гузаронидани фестивалҳо, озмунҳо, шабҳои эҷодӣ, намоишҳо ва ғайраҳоро ба таври густурда ба роҳ монанд.
Манбаъ қайд кардааст, ки соҳаи кинои ҳар ду давлат таърихи муштарак ва алоқамандии зич дорад.