Вазири қазоқ: Кишварҳои ИДМ сеяки бозори ҷаҳонии кишоварзиро ишғол кардаанд

Ба гуфтаи вазир “ба тавсеаи муомилоти маҳсулоти кишоварзӣ ҳам дар дохили минтақа ва ҳам берун аз он” бояд ҳавасмандӣ эҷод карда шавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 окт — Sputnik. Саҳми кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар тавлиди ҷаҳонии ғизо аз 10% то 30% дарсадро ташкил медиҳад.
Дар ин бора вазири кишоварзии Қазоқистон Ҳадарбек Сафаров дар конфронси ҳамкориҳои кишварҳои узви ИДМ дар Остона изҳор дошт.
"Рушди босуръати соҳаи кишоварзӣ дар кишварҳои узви ИДМ ба мо имкон медиҳад, ки на танҳо амнияти озуқавориро фаъолона таҳким бахшем, балки дар бозори ҷаҳонии озуқа нақши муҳимро бозем”, - гуфт вазири Қазоқистон.
Ӯ барои мисол истеҳсоли лаблабуи қанд ва картошкаро овард, ки муттаносибан 27% ва 17,5%-ро ташкил медиҳанд.
Ба гуфтаи вай, “ба тавсеаи муомилоти маҳсулоти кишоварзӣ ҳам дар дохили минтақа ва ҳам берун аз он” бояд ҳавасмандӣ эҷод карда шавад.
Тоҷикистон ба кишварҳои ИДМ чӣ қадар маҳсулоти кишоварзӣ содир мекунад?
Ҳамзамон Сафаров таъкид кард, ки барои Қазоқистон кишварҳои муштаракулманофеъ бузургтарин шарикони тиҷоратӣ ҳастанд.
Ба гуфтаи вай, соли гузашта гардиши маҳсулоти кишоварзии ҷумҳурӣ бо кишварҳои ИДМ 23% афзуда, 6,5 миллиард долларро ташкил дод.