Тоҷикистон хостори маҳаллисозии тиҷорати Русия шуд

Русия барои нигоҳ доштани бозор бояд ба маҳаллисозии тиҷорат рӯ орад, мегӯяд мақомдори тоҷик ва таъкид кард, ки намунаи хуби инро дар кишвар таҷрибаи Беларусия собит кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 окт — Sputnik. Маҳаллисозӣ дар кишвар бояд як авлавияти тиҷорати Русия гардад.
Дар ин бора раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Ҷамшед Ҷумахонзода ба Sputnik Тоҷикистон зимни баргузории намоишгоҳи "Спетсмаш-Тоҷикистон 2023" изҳор дошт.
Ба таъкиди вай ширкатҳои бузурги Русия бояд кӯшиш кунанд, ки истеҳсолоти худро дар Тоҷикистон қисман маҳаллӣ кунонанд.
"Аз як тараф, ин ба мо имкон медиҳад, ки ба дархостҳои муштариён зудтар посух гӯем ва аз тарафи дигар бартарии рақобатро дар бозор, нигоҳ дорем", - таъкид кард Ҷумахонзода.
Вай мегӯяд, дар ҳоли ҳозир бозор аз ҷониби истеҳсолкунандагони Чин фаъолона ба даст оварда мешавад.
Раиси Палатаи савдо ва саноат ба сифати мисоли муваффақ корхонаи тракторсозии Минскро мисол овард, ки дар соли 2018 истеҳсолотро маҳаллӣ карда, аз он вақт инҷониб воридоти кишварро ба таври қобили мулоҳиза тавсеа бахшида, фармоишҳои нав ба нав мегирад.
Маврид ба зикр аст, ки намоишгоҳ дар маҳалли Кохи Борбади пойтахт идома дорад, ки маҷмуи васеъи техникаву таҷҳизоти гуногунро ба намоиш мегузорад.
Чунон ки намояндаи тиҷоратии Русия дар Тоҷикистон Евгений Коренков гуфт, дар ҷумҳурӣ талабот ба таҷҳизоти хушсифат меафзояд.
Русияву Тоҷикистон дар Душанбе истгоҳҳои барқдиҳанда месозанд
"Суръати тези рушди саноат, ки аз ҷониби давлат дастгирӣ карда мешавад ва афзоиши устувори иқтидори содиротии кишоварзӣ омили пешбарандаи рушди иқтисоди миллии Тоҷикистон мебошад", - иброз дошт ӯ.
Дар навбати худ муовини вазири кишоварзии ҷумҳурӣ Зеваршо Зеваршоев гуфт, ки корхонаҳои кишвар борҳо таҷҳизоти Русияро харидорӣ кардаанд.
Дар намоишгоҳи махсуси мошинҳои Русияву Тоҷикистон “Спетсмаш-Тоҷикистон-2023” беш аз 9 корхонаи тавлидии Русия ширкат доранд. Нахустин чунин намоишгоҳ 2 сол пеш дар Тоҷикистон баргузор шуда буд.