Рушди устувори Тоҷикистон зери хатар аст

Муовини раиси ҳукумати Тоҷикистон бар ин бовар аст, ки тағйири иқлим барои тамоми кишварҳои қораи Осиё як хатари муштарак боқӣ мемонад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 окт — Sputnik. Коҳиши захираи об, хушксолии зуд-зуд ва обшавии пиряхҳо ба рушди устувори Тоҷикистон таҳдид мекунанд.
Дар ин бора муовини раиси ҳукумати ҷумҳурӣ Матлубахон Сатториён хабар дод.
Гуфта мешавад, ки ин изҳорот дар чаҳорчӯби Конфронси осиёӣ оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ дар Душанбе садо дод.
"Селҳо, хушксолӣ ва дигар ҳодисаҳои шадиди обу ҳаво дар солҳои охир ба иқтисоди кишвар хисороти зиёд расонида, талошҳои моро барои ноил шудан ба рушди устувор халалдор карданд", - изҳор дошт ӯ.
Ба ақидаи ӯ, тағирёбии иқлим як таҳдиди умумӣ барои ҳамаи кишварҳои Осиё аст.
Илова бар ин, Матлубахон Сатториён мутмаин аст, ки танҳо бо ҳам пайвастани талошҳои технологӣ ва молӣ аз оқибатҳои офатҳои табииро пешгирӣ ва коҳиш додан мумкин аст.
Осиёи Миёна барои манотиқи лалмӣ аз Русия нуриҳои махсус мегирад
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 20 октябр дар шаҳри Душанбе конфронс бахшида ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ ҷараён дорад.
Он бо ташаббуси Кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ ва мудофиаи граждании Тоҷикистон ташкил шудааст. Дар конфронс 30 кишвари минтақаи Осиё ширкат доранд.