Раҳмон дар Восеъ ду зеристгоҳи нави барқиро ба истифода дод

Қарор аст, аз зеристгоҳи барқии 1010/35/10 кВ 25 ҳазор нафар аҳолии деҳоти Рӯдакӣ ва 200 ҳазор аҳолии ноҳияи Восеъ истифода баранд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 окт — Sputnik. Сафари кории кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Хатлон идома дорад.
Ӯ дар шаҳраки Ҳулбук зеристгоҳи барқии 110/35/10 кВ Восеъро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.
Дар ин бора дафтари матбуоти президенти кишвар хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, иншооти нави соҳаи энергетикӣ бо мусоидати молиявии Бонки Осиёии рушд бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир сохта шудааст.
"Зеристгоҳ бо мақсади саҳмгузорӣ дар яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат – саноатикунонии босуръати ҷумҳурӣ ва таъмини аҳолӣ бо неруи барқ, ташкили ҷойҳои нави кор ва баланд бардоштани иқтидори энергетикии мамлакат сохта шудааст",- афзудааст манбаъ.
Гуфта мешавад, ки дар зеристгоҳи навбунёд 15 нафар мутахассис, ки сокинони маҳаллӣ мебошанд, бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мегарданд.
Дар ҳамин ҷо Эмомалӣ Раҳмон ҳамзамон зеристгоҳи барқии 110/10 кВ Рӯдакӣ ва хатти интиқоли барқи 110 кВ Восеъ — Рӯдакӣ дар деҳаи Меҳнатободи деҳоти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакиро тариқи маҷозӣ мавриди истифода қарор доданд.
Тоҷикистон аз содироти нерӯи барқ ​​чӣ қадар даромад гирифт?
Аз зеристгоҳи барқии 1010/35/10 кВ 25 ҳазор нафар аҳолии деҳоти Рӯдакӣ ва 200 ҳазор аҳолии ноҳияи Восеъ истифода мебаранд.
Таъкид шудааст, ки зеристгоҳ барои таъмини аҳолӣ ва корхонаҳои саноатӣ бо барқ пешбинӣ гардида, бо таҷҳизоту технологияи нав муҷаҳҳаз гардонида шуда, дар он 16 нафар сокинони маҳаллӣ ба кор ҷалб гардиданд.