Вориди 2,5 млн ваксина барои моякӯбии кӯдакон бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон

Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, ки барои моякӯбии иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон ба Тоҷикистон 2,5 млн ваксина ворид шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 окт — Sputnik. Барои гузаронидани рўзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон дар байни кўдакони аз 6 моҳа то 15 сола дар 59 шаҳру ноҳияҳо ба ҷумҳурӣ 2,5 млн воя ваксина ворид карда шуд.
Дар ин бора дафтари Маркази матбуоти вазорати тандурустии Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, фарогирии умумии кӯдакон ҳангоми баргузории маърака 98,3%-ро ташкил намуд.
Ҳамзамон вазорати тандурустӣ хабар додааст, ки бо мақсади таъмин намудани талаботи аҳолӣ бо ваксинаҳои сифатнок, дар ин давра барои моякӯбии кўдакон ба ҷумҳурӣ 7,2 миллион воя ваксинаҳои дахлдор ворид гардид.
“Ба Тоҷикистон дар ин давра маводи иммунизатсионӣ ба мисоли сузандоруҳои қутрашон гуногун 7,8 млн дона, инчунин 144 ҳазору 450 дона қуттиҳои маҳви бехатар ворид шудаанд”, - таъкид кардааст вазорати тандурустии кишвар.
Дар Тоҷикистон моякӯбии иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва Гулафшон оғоз шуд
Ёдовар мешавем, киохири моҳи август вазорати тандурустии Тоҷикистон дар бораи гузаронидани даври навбатии “рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон” дар Тоҷикистон эълон карда буд.
Ба иттилои манбаъ моякӯби дар тамоми нуқоти Тоҷикистон ғайр аз шаҳрҳои Душанбе, Ваҳдат, Ҳисор, ноҳияҳои Варзоб, Рӯдакӣ, Рашт ва Нуробод роҳандозӣ шуда буд.
Дар нимаи аввали соли равон моякӯби бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон” дар шаҳрҳои Душанбе, Ваҳдат, Ҳисор, ноҳияҳои Варзоб, Рӯдакӣ, Рашт ва Нуробод гузаронида шуда буд.