Ҷиноят дар Тоҷикистон кам шуд

Прокурори генералии Тоҷикистон ахиран гуфт, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ содир намудани ҷиноят аз тарафи шаҳрвандон кам ба қайд гирифта шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 окт — Sputnik. Прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон дар маҷлиси ҷамъбасти натиҷаи фаъолияти мақомоти прокуратура дар нуҳ моҳи соли 2023 таъкид кард, ки дар 9 моҳи соли равон дар ҷумҳурӣ 16 572 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 752 ҷиноят ё 4,3% кам мебошад.
Дар ин бора дафтари матбуоти Прокуратураи генералии Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои прокурори додситони кулл дар ин давра прокуророн назоратро бо 9770 парвандаҳои ҷиноятӣ таъмин намуда, аз ин 8974 парвандаро ба суд ирсол намуданд.
“Аз ҷумла, муфаттишони прокуратура тафтиши 3312 парвандаҳои ҷиноятиро ба итмом расонида, дар рафти тафтиши пешакӣ 124,3 млн сомонӣ, аз ҷумла 51,8 млн сомонӣ ба манфиати давлат барқарор карда шудааст”,- қайд кард Юсуф Раҳмон.
Коҳиши ҷиноят ва нашъамандию нашъаҷаллобӣ миёни ҷавонон
Ҳамчунин вай илова кард, ки прокурорҳо дар давраи таҳлилӣ дар баррасии 7333 парвандаҳои ҷиноятӣ, 7828 парвандаҳои гражданию оилавӣ, иқтисодӣ ва маъмурӣ иштирок намуда, ба санадҳои ғайриқонунии судҳо бо ин парвандаҳо ҳамагӣ 514 эътироз овардаанд.
Инчунин дар ин давра барои тарғибу ташвиқи қонунгузории мамлакат бо аҳолӣ беш аз 38 суҳбату вохӯриҳо гузаронида шуда, дар воситаҳои ахбори омма 2197, аз ҷумла телевизион 825, радио 648, матбуоти даврӣ 724 баромадҳо баргузор карда шуд.