Афзоиши тиҷорати мол ва хизматрасонӣ дар кишварҳои ИИАО

Тибқи омори расмӣ дар қаламрави кишварҳои Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё ҳаҷми тиҷорат ва хизматрасонӣ дар ҳоли рушд қарор дорад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 окт — Sputnik. Дар нимаи аввали соли 2023 тарози мусбии ҳисоби ҷорӣ дар байни кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) танҳо дар Русия мушоҳида шудааст.
Дар ин бора дафтари матбуоти Комиссияи иқтисодии АвруОсиё хабар додааст.
Дар ҳамин ҳол, дар Арманистон ва Қазоқистон дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ гардиши молу хидматрасонӣ ба ҳадди ниҳоӣ расид нисбат ба давраи мушобеҳ аз оғози ҳамгироӣ (мутаносибан 12,2 ва 78,5 млрд доллар).
Ҳамзамон ба иттилои ҳамин манбаъ дар Белоруссия муомилоти мол 16,7 фоиз афзуд.
Дар дигар узви ИИАО, Киргизистон низ муомилоти мол ва хизматрасонӣ 2,6 баробар, дар Казокистон 41,7 фоиз афзуд.
Ташаббуси ҷаҳонии чинӣ бо ИИАО ҳамбаста мешавад
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш Комиссия иқтисодии АвруОсиё хабар дода буд, ки дар соли 2023 рушди суръати фаъолияти иқтисодӣ дар қаламрави кишварҳои узви ИИАО пешбинӣ кардааст.
Тибқи пешгӯиҳои вазоратҳои иқтисодии кишварҳои узви иттиҳод, суръати афзоиши ММД Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё дар охири соли 2023 ба 3% афзудааст.