ДУШАНБЕ, 18 окт — Sputnik. Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода дар мулоқот бо Раиси Шурои ҷаҳонии таҳаммулпазирӣ ва сулҳ Аҳмад ибни Муҳаммад ал-Ҷарван таъкид кард, ки таҷриба ва амалияи сулҳи тоҷикон на танҳо аҳамияти миллӣ, балки арзиши ҷаҳонӣ низ дорад.
Дар ин бора дафтари матбуоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон хабар додааст.
“Мо саҳми Шурои ҷаҳонии таҳаммулпазирӣ ва сулҳро, ки ба баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ оид ба аҳамияти пешбурди таҳаммулпазирӣ ва сулҳу амонӣ, ҳамзамон муколама байни ҷонибҳои манфиатдори мухталиф мусоидат намудааст, баланд арзёбӣ менамоем, - гуфт ӯ.
Оқои Зокирзода қайд кард, ки имрӯз таҷриба ва амалияи сулҳи тоҷикон на танҳо аҳамияти миллӣ, балки арзиши ҷаҳонӣ низ дорад.
Зокирзода илова кард, ки Тоҷикистон имрӯз аз он ифтихор дорад, ки фарҳанги сулҳи тоҷикон барои дигарон намуна буда, аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун таҷрибаи нодир эътироф гардидааст.
“Мо мехоҳем бо истифода аз имконияти васеи созмони Шумо дар сатҳи байналмилалӣ бори дигар ҳамин таҷрибаи сулҳхоҳонаро ба ҷаҳониён аз тариқи Шурои ҷаҳонии таҳаммулпазирӣ ва сулҳ ҳамаҷониба ва беҳтар муаррифӣ намоем. Зеро таҷрибаи сулҳи Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ чун падидаи нодир эътироф гардидааст”,-гуфт Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода.