ДУШАНБЕ, 18 окт — Sputnik. Русия ҳамеша ҷонибдори таъсиси давлати мустақил ва соҳибихтиёри Фаластин бо пойтахти он дар Байтулмуқаддаси Шарқӣ буд.
Ин нуктаро раисҷумҳури Русия, Владимир Путин дар ҷамъбасти сафараш ба Чин зимни мулоқот бо рӯзноманигорон баён дошт.
Вай ҳамчунин силсилаи суҳбатҳои телефонияш бо роҳбарони кишварҳои минтақа зикр намуда, гуфт, чунин таассурот ҳосил кард, ки аз бозигарони асосӣ ҳеч касе майли шиддати низоъро надорад, намехоҳанд онро ба ҷанги комил табдил диҳанд.
Путин дуруст хонд, ки агар муноқиша дар Шарқи наздик бо ташкили давлати Фаластин, ки талаботи СММ мебошад, поин ёбад.
Раисҷумҳури Русия ҳамчунин ҳамлаи ахир ба бемористони Ғаззаро маҳкум карда, онро як фоҷеа ва фалокати башардӯстона хонда, изҳори умед кард, ки ин паёме хоҳад шуд, ки низоъ бояд хотима ёбад.
Шиддати низоъ дар Шарқи наздик дар пайи ҳамлаи мушакии Ҳамос ба Исроил 7 октябр сурат гирифта, то ҳол бар асари задухӯрдҳо аз ду тараф ҳазорҳо нафар куштаю маҷруҳ гардиданд.
Муноқишаи Фаластин ва Исроил даҳсолаҳо собиқа дошта, асосан дар заминаи қаламрав сар мезанад.
СММ бо нақши фаъоли Иттиҳоди Шӯравӣ дар соли 1947 барои таъсиси ду давлат - Исроил ва Фаластин қарор карда буд, аммо танҳо давлати Исроил таъсис дода шуд. Исроил дар баробари эълон кардани созиш бо меъёри дудавлатии муайянкардаи СММ, қаламрави Фаластинро пурра озод накарда истодааст.