Субҳи 7 октябр Исроил дар чаҳорчӯби амалиёти Тӯфони Ал-Ақсо, ки аз ҷониби ҷиноҳи низомии ҷунбиши Ҳамос фаластинӣ эълон шуда буд, аз навори Ғазза мавриди ҳамлаи мушакии бесобиқа қарор гирифт.
Пас аз ин, ҷангиёни ин созмон ба манотиқи марзии ҷануби Исроил ворид шуданд.
Дар посух, нерӯҳои дифоъии Исроил амалиёти "Шамшерҳои оҳанин" алайҳи Ҳамос дар навори Ғаззаро оғоз карданд. Дар давоми чанд рӯзи ҳамла артиши исроилӣ тамоми шаҳракҳои наздики марзи Ғаззаро таҳти назорат гирифта, ба ҳамлаҳои ҳавоӣ ба ҳадафҳо, аз ҷумла мардуми осоишта дар ин минтақа шурӯъ кард.