Мақомот дар Хоруғ рейд гузаронданд

Барои риоя накардани меъёрҳои санитарию-гигиенӣ ва эпидемологӣ нисбат ба шахсони масъул дар Хоруғ парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 окт — Sputnik. Рейди муштараки мақомоти дахлдор бо ҷалби кормандони милиса дар шаҳри Хоруғ баргузор карда шуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти шаҳрдории Хоруғ иттилъ дода, афзуд, ки рейд дар бозори марказии шаҳр амалӣ шуд.
Ҳадафи ин чорабинӣ танзими фаъолияти бозорҳо, танзими нарху наво дар бозор, ҳамзамон пешгирӣ намудани аз савдои кӯчагӣ дар асоси нақша чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ арзёбӣ гардидааст.
Дар Хоруғ парки технологӣ месозанд
"Дар заминаи он барои бартараф кардани ҳолатҳои савдои кӯчагӣ ҳолати ғайрисанитарӣ қарор доштани фурӯши бозорҳо чораҷӯӣ карда шуд", - омадааст дар иттилоия.
Масъулин ошкор кардаанд, ки дар ҷойҳои ғайримуқаррарӣ, ки ба талаботи меъёрҳои санитарию-гигиенӣ ҷавобгӯ нестанд, ба фурӯш гузоштани маҳсулоти ширӣ, гӯштӣ ва полезӣ ҷой доштааст.
Дастур дода шудааст, ки минбаъд аз ин кор ҷилавгирӣ карда шавад. Барои риоя накардани меъёрҳои санитарию-гигиенӣ ва санитарию эпидемологӣ нисбат ба шахсони масъул парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз гардиданд, омадааст дар иттилоия.