Маҳсулоти кишоварзии Хатлон ба шаш кишвари хориҷӣ содирот шудааст

Ба иттилои мақомоти Хатлон, дар 9 моҳи соли равон маҳсулоти кишоварзии вилоят ба Русия, Афғонистон, Туркия, Қазоқистон, Покистон ва Белорус содирот шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 окт— Sputnik. Ба иттилои мақомоти вилояти Хатлон, аз ҳудуди вилояти Хатлон ба хориҷи кишвар 7576 тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот шудааст.
Ба иттилои мақомоти ин вилояти Тоҷикистон 5749 тонна таввасути нақлиёту ҳавопаймо ва 1914 тонна тариқи роҳи оҳан ба берун аз ҷумҳурӣ содирот шудааст.
Бештари маҳсулоти кишоварзии вилоят ба Русия, Афғонистон, Туркия, Қазоқистон, Покистон ва Белорус содирот шудааст.
Ҳамчунин ба хориҷи кишвар асосан беш аз 2143 тонна сабзавот, аз ҷумла беш аз 1956 тонна пиёз, беш аз 718 тонна полезиҳо, беш аз 2900 тонна мевагиҳо, лиму, 1555 тонна ангур ва 113 тонна дигар маҳсулот содирот шудааст.
Тоҷикистон ба кишварҳои ИДМ чӣ қадар маҳсулоти кишоварзӣ содир мекунад?
Қайд карда шудааст, ки дар натиҷаи андешидани тадбирҳои самарабахш ва истифодаи мақсадноки замин, ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба 25,4 млрд сомонӣ расонида шуд.
Зикр гардидааст, ки афзоиши он нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта 1,2 млрд сомонӣ (105%)-ро ташкил медиҳад.