ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Мусулмонон ва неруҳои муқовимат ба “ҳолати ҷунун меафтанд”, агар ҷиноятҳои Исроил идома ёбад, ҳеҷ кас наметавонад онҳоро боздорад.
Дар ин бора Раҳбари олии Эрон Алӣ Хоманаӣ дар суханронии худ гуфт. Суханони ӯро хабаргузории Tasnim иқтибос овардааст.
"Агар ин ҷиноятҳо (Исроил - ред.) идома ёбад, мусулмонон ба ғазаб меоянд, нерӯҳои муқовимат ба девонагӣ меоянд ва ҳеҷ кас наметавонад онҳоро боздорад", - гуфт вай.
Оятуллоҳ кирдорҳои феълии Исроилро генотсид номида, қайд кард, ки ин ҳодиса дар пеши назари тамоми ҷаҳон рух дода истодааст ва даъват кард, ки ҳукумати Исроил ба маҳкама кашида шавад.
Раҳбари олии Эрон ҳамчунин таъкид кард, ки сиёсатҳои Исроил дар рӯзҳои ахир аз сӯи Омрико танзим шуда ва тақозо кард, ки билофосила бомбандозиҳо мутаваққиф шавад.
Субҳи 7 октябр Исроил дар чаҳорчӯби амалиёти Тӯфони Ал-Ақсо, ки аз ҷониби ҷиноҳи низомии ҷунбиши Ҳамос фаластинӣ эълон шуда буд, аз навори Ғазза мавриди ҳамлаи мушакии бесобиқа қарор гирифт. Пас аз ин, ҷангиёни ин созмон ба манотиқи марзии ҷануби Исроил ворид шуданд.
Дар посух, нерӯҳои дифоъии Исроил амалиёти "Шамшерҳои оҳанин" алайҳи Ҳамос дар навори Ғаззаро оғоз карданд. Дар давоми чанд рӯзи ҳамла артиши исроилӣ тамоми шаҳракҳои наздики марзи Ғаззаро таҳти назорат гирифта, ба ҳамлаҳои ҳавоӣ ба ҳадафҳо, аз ҷумла мардуми осоишта дар ин минтақа шурӯъ кард.
Исроил инчунин муҳосираи пурраи навори Ғаззаро эълон кард: интиқоли об, ғизо, нерӯи барқ, дору ва сӯзишворӣ қатъ карда шуд.
Теъдоди қурбониёни навори Ғазза пас аз бомбаборони Исроил аз 2 ҳазор нафар гузашт, ки охирин омор нест ва шумори қурбониёни исроилӣ аз ҳазор нафар гузашта,. Ҳамзамон чанд ҳазор исроилӣ ва фаластинӣ захмӣ шуданд.