ДУШАНБЕ, 17 окт — Sputnik. Раисиҷумҳури Беларус Александр Лукашенко ба иттиҳоди кишварҳои дӯст дар канори Эрон даъват кард.
Ғарб нӯги муноқишаи Шарқи наздикро алайҳи Эрон равона мекунад, изҳор дошт раисҷумҳури Белорус дар мулоқот бо муовини аввали президенти ҷумҳурии исломӣ, Муҳамммад Мухбир.
Ба гузориши Белта, Лукашенко Теҳронро ба ҳамкорӣ даъват кард, то муштарак ба ин таҳдидҳо мубориза барад.
"Вазъият дар ҷаҳон шиддат мешавад. Бӯҳрони Шарқи наздик ба он мусоидат мекунад, ки кишварҳое, ки ба мо дӯст нестанд - Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Ғарб - пайваста найзаи ин низоъро алайҳи Эрон равона мекунанд. Шумо инро беҳтар ҳис мекунед", - гуфт Лукашенко.
Ба гуфтаи Лукашенко, вокуниш ба чунин фишорҳои Ғарб бояд ҳамкории кишварҳои дӯст бошад.
"Ҷавоби мо як аст: мо бояд бо ҳамдигар зичтар кор кунем, барои муқовимат ба ин ҳамлаҳо якҷоя ҳамкорӣ кунем", - таъкид кард роҳбари давлати Беларус.
Вазъият дар шарқи наздик ахиран дар пайи ҳамлаи Ҳамос шиддат гирифта, Исроил амалиёти ҷавобӣ роҳандозӣ кардааст. Дар натиҷа аз ҳарду ҷониб ҳазорҳо нафар куштаю маҷруҳ шудаанд.