Аз Шарқи наздик то Украина: Лавров бо ҳамтои чинияш чиро баррасӣ кард?

Вазирони корҳои хориҷии Русия ва Чин масъалаҳои бӯҳрони Украина, аз ҷумла талошҳо барои ҳалли он тавассути усулҳои сиёсӣ ва дипломатиро баррасӣ кардаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 окт — Sputnik. Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров бо Ван И, вазири умури хориҷии Чин, тезутундшавии вазъият дар Ховари Миёна ва Украинаро баррасӣ кард.
Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Русия бо нашри як иттилоия хабар дод.
"Аз рӯи доираи васеи мушкилоти байналхалқӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла шиддати вазъ дар Шарқи наздик табодули афкор сурат гирифт", - омадааст дар иттилоия.
Вазирон масъалаҳои амниятӣ дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Оромро дар заминаи нигоҳ доштани субот дар нимҷазираи Корея баррасӣ карданд.
Оянда чӣ гуна хоҳад буд? Лавров мушкилоти аслии ҷаҳон, гунаҳкорон ва роҳҳои ҳалро гуфт
Илова бар ин, дар ҷараёни музокирот Лавров ва Ван И ба "масъалаҳои бӯҳрони Украина, аз ҷумла талошҳо барои ҳалли он тавассути усулҳои сиёсӣ ва дипломатӣ" дахл карданд, гуфт вазорати корҳои хориҷии Русия.
Вазирони корҳои хориҷии ду кишвар аҳамияти таҳкими ҳамоҳангсозии наздики Русия ва Чинро дар арсаи байналмилалӣ, аз ҷумла дар СММ ва Шӯрои Амнияти он, СҲШ, G20 ва дигар созмонҳо тасдиқ кардаанд.
Аз ҷумла тавофуқ шудааст, ки тамосҳо дар доираи БРИКС бо дарназардошти раёсати Русия дар ин иттиҳодия дар соли 2024 таҳким бахшида мешаванд.