ДУШАНБЕ, 16 окт — Sputnik. Ахиран масъулини Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорати Тоҷикистон дар Русия бо аъзоёни Ташкилоти ҷамъиятии фарҳангии миллии шаҳри Пенза ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии ҳудуди ин шаҳр вохӯрӣ намуданд.
дар ин бора дафтари матбуоти Шӯрои ҷамъятии назди сафорати Тоҷикистон дар Русия хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, дар вохӯрӣ масъалаи пешгирии ҷавонон аз омилҳои номатлуби иртиҷоӣ, гаравиш ба ҳизбу ҳаракатҳои даҳшатафкан, пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ дар миёни ҷавонону донишҷӯён баррасӣ гардид.
Дар ин мулоқот аз донишҷӯён даъват карда шуд, аз имкониятҳои фароҳамовардашуда истифода намуда, донишҳои муоссирро аз худ карда ва ҳамчун мутахассиси баландихтисос ба Ватан баргашта, ба манфиати давлату миллат хизмат намоед.
Ҳамзамон, дар вохӯрӣ таъсиси гуруҳҳои корӣ дар назди Ташкилоти ҷамъиятии фарҳангии миллии тоҷикони шаҳри Пенза дар бораи ҷавонон, варзиш, маориф ва фарҳанг, кор бо муҳоҷирони меҳнатӣ ва масъалаҳои ҳамкорӣ бо Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорати Тоҷикистон мавриди муҳкоима қарор дода шуд.