Обрасонӣ дар бисёри маҳаллаҳои Душанбе мутаваққиф мешавад: тафсилот

Шаҳрдории Душанбе эълон кард, ки ба далели таъмири истгоҳҳои обтаъминкунӣ инқтиқоли об дар бисёре аз маҳаллаҳои пойтахт барои беш аз як шабонарӯз қатъ мегардад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 окт — Sputnik. Ба далели таъмиру тармими истгоҳи обтаъминкунии "Худҷореъ" обрасонӣ аз соати 22:00 рӯзи 16 октябр то соати 24:00-и 17 октябр дар қисматҳое аз пойтахти Тоҷикистон мутаваққиф мешавад.
Ба иттилои шаҳрдорӣ, аз ҷумла дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, маҳаллаҳои Хуҷамбиёи боло ва поён, Шафақ, А.Соатов, Амиршоев, Заҳматобод, Саҳбо, Қ.Раҳимов, Анзоб, Гулистон, Зайнаб-бибӣ, У.Хайём ва Сари-Осиё, кӯчаҳои П.Толис, Гагарин, Сурхоб, Меҳнат, Карамов, Шевченко обрасонӣ қатъ мешавад.
Дар хиёбони Рӯдакӣ аз буриши кӯчаи Умари Хайём то кӯчаи С. Ғанӣ, инчунин Боғи С.Айнӣ, Беморхонаи ҷумҳуриявӣ ва шаҳрчаи тандурустӣ низ маҳдудиятҳои обӣ ҷой хоҳанд дошт.
Дар ноҳияи Шоҳмансур, маҳаллаҳои Н.Муҳаммад, Қӯрғон, Хоруғ, Баҳорӣ, Бадахшон-1 ва 2, кӯчаҳои Д.Халқҳо, А.Дониш, Истаравшан, Ҳусейнзода, Нарзиқулов, Ак.Рақабовҳо ва С.Айнӣ аз хонаҳои 1 то 77 беоб мемонанд.
Корхонаи "Обу корези Душанбе" аз сокинон хост, муносибат бо обро тағйир диҳанд
Дар ноҳияи Сино, дар маҳаллаҳои 10, 11, 12, 13, 14, 15, 15А, 31, 82, 83, 84, 91, 92, 101, 102, 103, 104, 112, Зарафшон 1 ва 2, Испечак 1 ва 2, Муҳандис, Меҳробод, М.Ҳамадонӣ, Навободи боло ва поён, Буни Ҳисорак, Деҳи боло, Панҷруд, Ободкорон, Бунёдкорон об нахоҳанд дошт.
Лучоби боло ва поён, Комсомол, Қазоқон - 1 ва 2, Мовароунаҳр, Камонгарон, Шишхона, Яккачинор, Ҳаёти нав, Қарамишикор ва кӯчаи Бобо Ҳамдами ноҳияи Сино низ дар ин феҳраст зикр шудаанд.
Дар ноҳияи Фирдавсӣ маҳдудиятҳои обрасонӣ ба кӯчаҳои Қаҳҳоров, Миралӣ, Мушфиқӣ, Соҳилӣ, Н.Қарабоев то кӯчаи Шестопалов, шањракҳои 23, 24, маҳаллаҳои Равшангарон, Дарвоз, Яккачинор ва Маркази истеҳсоли барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе дахл хоҳад дошт.
Дар ин робита шаҳрдорӣ аз сокинони пойтахт хостааст, ки ба миқдори зарурӣ обро захира кунанд.