Иштироки президенти Тоҷикистон дар ҳамоиши сатҳи баланд дар Чин дар назар нест

Мақомдорони баландпоя аз кишварҳои мухталиф, аз ҷумла бархе аз роҳбарони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба Чин мераванд, то дар ҳамоиши сатҳи баланд иштирок кунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 окт— Sputnik. Дар барномаи кории раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон барои рӯзҳои наздик сафар ба ҷумҳурии Чин нест.
Дар ин бора аз дафтари матбуоти раисҷумҳури кишвар, ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Манбаъ афзуд, ки иштироки президенти Тоҷикистон дар анҷумани сеюми ҳамкориҳои байналмилалии "Як камарбанд, як роҳ" дар Пекин дар назар нест.
Ин дар ҳолест, ки мақомдорони баландпоя аз кишварҳои мухталиф, аз ҷумла бархе аз роҳбарони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба Чин мераванд, то дар ҳамоиши сатҳи баланд иштирок кунанд. Ин ҳамоиш рӯзҳои 17-18 октябр дар Пекин дар назар мебошад.
Путин аз афзоиши шумори лоиҳаҳои судманд миёни ИИАО ва Чин гуфт
Интизор меравад, ки дар анҷумани сеюми ҳамкориҳои байналмилалии "Як камарбанд, як роҳ" аз ҷумла раисҷумҳури Русия, Владимир Путин ва президенти Қазоқистон, Қосим Ҷомарт Тоқаев низ иштирок кунанд.
"Як камарбанд, як роҳ" ташаббуси байналмилалии Чин мебошад, ки бо мақсади беҳбуд бахшидан ва эҷоди долонҳои нави тиҷоратӣ ва нақлиётӣ мебошад, ки зиёда аз 60 кишвари Осиёи Марказӣ, Аврупо ва Африқоро мепайвандад, ки ба рушди муносибатҳои тиҷоратии байни онҳо ва Чин пешбинӣ шудааст.
Қаблан, роҳбари Чин, Си Ҷинпин қайд карда буд, ки Пекин омода аст дар якҷоягӣ бо Русия ва кишварҳои дигари узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ҳамкориро ҷиҳати татбиқи ташаббуси "Як камарбанд, як роҳ" тақвият бахшад.