ДУШАНБЕ, 14 окт – Sputnik. Нерӯҳои мусаллаҳи Русия дар самти Донетски ҷанубӣ дар як рӯз то 170 низомии украинӣ ва 10 техникаро нобуд кард.
Дар ин бора Вазорати мудофиаи Русия хабар дод.
"Дар самти Донетски ҷанубӣ воҳидҳои гурӯҳи нерӯҳои "Восток" дар ҳамкорӣ бо авиатсия ва артиллерияи артиш ба ҷамъи нерӯи кории 79-уми ҳамлаи ҳавоӣ ва 72-уми бригадаҳои механиконидашудаи қувваҳои мусаллаҳи Украина дар минтақаҳои аҳолинишин Угледар ва Николскоеи ҶМД зарбаи маргбор заданд", - омадааст дар хабари Вазорат.
Манбаъ афзуд, ки бар асари ин ҳамла, то 170 нафар низомиёни украинӣ талаф ёфта. ҳамзамон як мошини ҷангии пиёдагард, ду мошини зиреҳпӯши ҷангӣ ва се мошин корношоям гардиданд.
Вазорат ҳамчунин гуфт, ки системаҳои дифои ҳавоии Русия дар 24 соати ахир 31 ҳавопаймои бесарнишини украиниро дар вилоятҳои ҶМЛ, Запороже, Харков ва Херсон нобуд карданд.
"Дар давоми 24 соати охир системаҳои дифои ҳавоӣ 31 ҳавопаймои бесарнишини Украинаро дар маҳалҳои аҳолинишини Нирковои ҶМЛ, Берестовое дар вилояти Харков, Вербовое, Романовское дар вилояти Запороже ва Херсон нобуд карданд", - гуфта мешавад дар хабарномаи ин ниҳод.
Дар маҷмӯъ, аз оғози амалиёти махсус 488 ҳавопаймои низомии Украина, 250 чархбол, 7 821 ҳавопаймои бесарнишин, 441 системаи мушакии зиддиҳавоӣ, 12 598 танк ва дигар мошинҳои зиреҳпӯши ҷангӣ корношоям гардиданд.