Путин: кор бо Тоҷикистон тибқи нақша пеш рафта истодааст

Раисҷумҳури Русия кораш дар ҳошияи ҷаласаи сарони кишварҳои увзи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Бишкекро аз мулоқот бо президенти Тоҷикистон оғоз кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 окт— Sputnik. Ҳамкориҳо дар ҳамаи самтҳо миёни Тоҷикистон ва Русия тибқи нақша пеш рафта истодаанд.
Ин нуктаро раисҷумҳури Русия, Владимир Путин дар мулоқот бо ҳамтои тоҷикаш, Эмомалӣ Раҳмон баён дошт.
"Ман аз дидани шумо шодам. Ҳама тавре пеш рафта истодааст, ки мо ба нақша гирифта будем. Ҳамкорон, ҳукуматҳо кор мекунад, масъалаҳои бахатарӣ ҳал шуда истодаанд", - гуфт Путин ва бори дигар Раҳмонро бо зодрӯзаш шодбош гуфт.
Эмомалӣ Раҳмон дар навбати худ изҳор дошт, ки Русия чун ҳамеша шарики аслии тиҷоратии Тоҷикистон боқӣ мондаст.
Муҳриддин: Пеши ИДМ дар муқоиса бо 30 соли гузашта вазифаҳои боз ҳам мураккаб истодааст
Вай афзуд, ки равобити фарҳангӣ таҳким ёфта истодаанд ва омодагияшро барои баррасии рушди минбаъдаи ҳамкориҳо баён дошот.
"Омодаем вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳо, масъалаҳои минтақавию байналмилалиро баррасӣ кунем", - гуфт Раҳмон дар хитоб ба Путин.
Мулоқоти президентҳои Тоҷикистону Русия дар пойтахти Қирғизистон дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор шуд.