ДУШАНБЕ, 13 окт— Sputnik. Раҳбарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил созишномаи таъсиси Созмони байналмилалии забони русиро имзо карданд.
Тавре раисҷумҳури Русия, Владимир Путин дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои ИДМ дар шаҳри Бишкек гуфт, дар назар аст, ки дафтари асосии Созмони забони русӣ дар шаҳри Сочи ҷой дода шавад.
Маврид ба зикр аст, ки дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барои амалӣ намудани идеяи таъсиси Созмони байналмилалии забони русӣ гуруҳи махсуси корӣ фаъолият дошт.
Пешниҳоди таъсиси Созмони байнулмилалии забони русиро бори нахуст моҳи декабри соли 2021 раисиҷумҳури Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев эълон карда буд.
Ин пешниҳод дар нишасти сарони кишварҳои узви ИДМ, ки моҳи октябри соли 2022 дар Остона баргузор шуд, пуштибонии васеъ пайдо кард.
Ҳадафи Созмони байналмилалии забони русӣ дастгирӣ ва тарғиби забони русӣ дар минтақаи ИДМ хоҳад буд.
Ин сохтор ба ҳифз ва рушди забони русӣ ҳамчун омили муҳими ҳамкориҳои фарҳангӣ ва муошират мусоидат хоҳад кард.