ДУШАНБЕ, 13 окт — Sputnik. Забони русӣ мероси мардумони кишварҳои ИДМ мебошад.
Дар ин бора Александр Лукашенко, раисиҷумҳури Беларус дар ҳошияи нишасти Шӯрои сарони кишварҳои ИДМ дар ҳайати маҳдуд дар Бишкек изҳор дошт.
Раҳбари Беларус тамоюли ифтитоҳи мактабу донишгоҳҳоеро, ки дар Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон ба забони русӣ таълим медиҳанд, мусбат арзёбӣ кард.
Аммо Лукашенко аз теъдоди феълии чунин муассисаҳои таълимӣ изҳори норозигӣ кард.
"Ин иқдом дар мавриди забони русӣ аз ташаббусҳо дар соҳаи иқтисод аҳамияти камтаре надорад", - гуфт ӯ дар мавриди тасмими таъсиси созмони байналмилалии забони русӣ.
Ба гуфтаи оқои Лукашенко, таъсиси созмони байналмилалии забони русӣ барои он зарур аст, ки ҷавонон русиро масалан бештар аз англисӣ донанд.
"Дар ин ҷо як қисми озарбойҷонҳо, ӯзбекҳо, тоҷикон ва ғайраҳо ҳастанд. На танҳо русҳо ва белорусҳо. Пас, чаро мо забони русиро аз даст медиҳем?" — кайд кард Лукашенко.
Ёдовар мешавем, ки масъулони бархе аз барномаҳои кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил кор дар тарҳи таъсиси Созмони байналмилалии забони русӣ барои баргузории ҳамоиш дар Бишкекро анҷом доданд.
Ин созмон ба таҳкими ҷомеаи байналмиллалии русзабонон нигаронида шуда, барои кишварҳои хориҷ аз Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки ба таблиғи забони русӣ таваҷҷӯҳ доранд, боз хоҳад буд.