ДУШАНБЕ, 13 окт— Sputnik. Доруҳое, ки барои саломатии аҳолӣ аҳамияти хоса доранд, метавонанд бо истифода аз тартиби содда ба қайд гирифта шаванд, Иттилоъ додааст сомонаи “MIR24”.
Ба чунин доруҳо, давоҳо барои мубориза бо бемориҳои қаблан табобатнашаванда, паст кардани дараҷаи маъюбӣ аз патологияҳои вазнин, инчунин коҳиш додани фавт дохил мешаванд.
Дар баробари ин, шумораи чунин доруҳое, ки аҳамияти махсус доранд, маҳдуд аст. Барои дохил шудан ба ин гурӯҳ, доруҳое, бояд ба меъёрҳое, ки дар Роҳнамои арзёбӣ муайян шудаанд, мувофиқат кунад.
Тартиби тезонидашуда аз ҷониби мақоми ваколатдори кишвари узви ИИАО амалӣ карда мешавад, агар асос барои эътирофи доруҳо махсусан муҳим бошад. Дар ин сурат тартиб ба ҷои 140 руз акнун 100 руз давом хоҳад кард.
Ёдовар мешавем, ки ба Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё Русия, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Арманистон шомиланд.