ВКД истифодабарандагони беинсофи нерӯи барқро ошкор карданд

Зимни баргузор кардани рейдҳо, кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе се нафарро боздошт намуданд, ки бидуни ҳисобкунак нерӯи барқ истифода мекарданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 12 окт — Sputnik. Се сокини Душанбе дар истифодаи кардани нерӯи барқ бидуни ҳисобкунаки барқӣ муттаҳам мешаванд, хабар медиҳад Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе.
Ин ниҳод афзуд, ки нисбати онҳо протоколи маъмурӣ тартиб дода шудааст.
Манбаъ афзуд, ки қонуншиканҳо зимни баргузор кардани рейду санҷишҳои ин ниҳод ошкор гардиданд.
Яке аз онҳо сокини 51 - солаи Душанбе мудадти тӯлонӣ дар дӯкони "Тезтайёр" бидуни ҳисобкунак нерӯи барқро ба манфиати худ истифода намудадаст.
Намехоҳем, аммо маҷбурем: Бозгашти "лимит"-и барқ ба Тоҷикистон ва шарҳи "Барқи тоҷик"
Ҳамчунин ду сокини дигар низ дар манзилҳои худ бе ҳисобкунак нерӯи барқ истифода мекарданд, ки ин амали онҳо талаботи қонунгузориро дағалона вайрон мекунад.
Раёсати ВКД Дар шаҳри Душанбе аз кулли шаҳрвандон хоҳиш кард, ки аз нерӯи барқ сарфакорона истифода намуда, саривақт маблағи истифодаи барқро пардохт кунанд.
Маврид ба зикр аст, ки дар аксар минтақаҳои ҷумҳурӣ бо сард омадани ҳаво интиқоли барқ бо мушкилӣ дучор меояд.
Қаблан ширкати "Барқи тоҷик" эълон кард, ки ҳарчанд худ манфиатдори хомӯш кардани барқи шаҳрвандон нестанд. вале вазъият онҳоро ба ин кор маҷбур мекунад.